Ширкатҳои ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доштани ҳавопаймои шахсиро ифроткорӣ ҳисобида, барои парвозҳои расмӣ киштии «Боинг 373»-ро аз парки ширкати миллии хусусии Somon Air истифода мебаранд. Интерери ҳавопаймо ба шакли миллии тоҷикӣ ороиш дода, бо техникаи муосиртарин ҷиҳозонида шудааст. Вақте, ки сарвари давлат киштиро истифода намебаранд, он рейсҳои оддатии мусофиркашониро иҷро менамояд. Барои парвозҳои дохилӣ Президенти Тоҷикистон чархболҳоро истифода мебаранд.

Таърихи авиатсияи Тоҷикистон қариб 100 соларо дарбар мегирад. Давлате, ки қисми зиёдаашро кӯҳҳо, дараҳо ва дарёҳо ташкил медиҳанд, мӯҳтоҷи алоқаи хуб инкишофёфтаи ҳавоӣ мебошад ва айни замон дар ин ҷо чор ширкати ҳавопаймоии миллӣ ва тахминан понздаҳ мусофиркашонон аз Русия, Хитой, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб кору фаъолият доранд.

Вазифаҳои асосӣ, ки дар назди ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон гузошта шудаанд:
1. Мукаммал додани парки ҳавопаймоӣ.
2. Таъмини бехатарии парвозҳо.
3. Вусъат додани ҷуғрофии парвозҳо.

Ширкати кӯхантарини кишвар Tajik Air («Хатсайрҳои ҳавоии Тоҷикистон») мебошад, ки кори хешро аз соли 1924, пас аз созмон додани Маркази ҳавоии тоҷикиии Хатҳои ҳавоии Осиёи Миёна оғоз намуда буд. Ду киштии ҳавоии «Юнкерс-13» дар дохили Тоҷикистон аз болои кӯҳҳои Помир: аз Сталинобод (Душанбе) ба Панҷ, Кӯлоб, Хуҷанд ва Данғара мусофиронро мекашониданд. Дар соли 2009 ширкати ҳавопаймоие, ки аз соли 1950 «Тоҷикистон» номида мешуд, номи навро «Хатсайрҳои ҳавоии Тоҷикистон» гирифт.
Tajik Air тавассути рейсҳои мунтазамӣ ба Русия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Сургут), ба Хитой (Пекин ва Урумчи), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек), Ҳиндустон (Деҳлӣ) ва ба се бандарҳои ҳавоии Тоҷикистон – Душанбе, Хорӯғ, Хуҷанд мусофиронро мекашонад. Ёздаҳ киштиҳо, минҷумла, «Боинг 737-300», «Боинг 737-800», «Боинг 737-500», Xian MA60 ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд. Дар соли 2017 «Хатсайрҳои ҳавоии Тоҷикистон» 356 ҳазор мусофиронро интиқол доданд, ки нисбат ба соли пештара 30 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар ширкат зиёда аз 500 нафар кор мекунанд, ҷиҳати расонидани кӯмак нисбати кӯдакони ятим корҳои калони хайротӣ гузаронида мешаванд.

Дар соли 2007 дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии нав: Asia Airways ва East Air пайдо шудаанд. Asia Airways бо рейсҳои чартерӣ ба мамолики Осиё: Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон ва Аморати Муттаҳидаи Араб машғул мебошад. Ширкати ҳавопаймоии мазкур боркашони миллии Тоҷикистон буда, бо ширкати Русия «Волга – Днепр» ҳамкорӣ мекунад ва дар фурудгоҳи пойтахтии байналмилалии Душанбе ҷойгир аст.
Дар парки ширкат – ҳавопаймоҳои тамғаҳои «Ан-12», «Ан-26», «Ил-76», Foker-50 вуҷуд доранд.

East Air аллакай 11 сол боз бомувафаққият мусофиронро кашонда, зери шиори «Чаро зиёд пардохт мекунед?!» кору фаъолият дорад. Фурудгоҳҳои ибтидоии ширкат – «Кӯлоб» ва «Қурғонтеппа» мебошанд, аз шаҳрҳои мазкур East Air ба Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Екатеринбург, Новороссийск, Челябинск, Оренбург парвоз мекунад. Ширкати ҳавопаймоӣ бо фаъолияти эҳсонкорӣ машғул мебошад ва тибқи шартномаҳо бо Деҳаи Байналмилалии Сулҳ кӯдаконеро, ки ба мушкилиҳои зиндагӣ дуҷор гаштаанд, ба касалҳонаҳо бурда мерасонад. Дар сол ду маротиба кормандон аксияҳои беназири рекламавиро мегузаронанд: ба мусофирони «ҷашнӣ» (аз рӯи шумора) телефонҳои мобилиро тақдим мекунанд, лотереяҳои ғайрибойдиҳӣ ташкил менамоянд, ба онҳое, ки чиптаҳоро дар намуди электронӣ мехаранд, таҳфифҳои назаррасро эълон мекунанд.
East Air бо ширкатҳои сайёҳӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад, бо фурудгоҳҳои Русия ҷиҳати интиқоли мусофирони трансферӣ шартномаҳоро мебандад. Зимни парвоз дар канори ҳавопаймоҳо маҷаллаҳо тақсим карда мешаванд, ки дар типографияи ширкат ба чоп бароварда шуда, дар бораи ҷадвали рейсҳо, нақшаҳои тарақкиёт, вакансияҳо маълумоти пурраро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доранд. Стюардҳои ширкат бо либоси фирмавии фирӯзаранг, сервиси ғайришилқин ва табассумҳои доимӣ ба мусофирон хушнудӣ мебахшанд. Парки ҳавопаймоии East Air вусъат дода мешавад – дар соли сипаришуда Airbus A320 харида шуд.

Нисбат ба «ҳамкасбони» хеш ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – Somon Air, ки дар фурудгоҳи Душанбе мавқеъ гирифтааст, як сол ҷавонтар мебошад. Ин мусофиркаши ягонаи Тоҷикистон, ки аъзои IATA гаштааст. Дар парки ҳавопаймоии ширкат шаш киштиҳо қарор доранд: ду мошинаи «Боинг 737-300», ду – «Боинг 737-800» ва ду «Боинг 737-900 ER», як кишти номи шоир М. Турсунзода-ро сазовор гаштааст, боз сетоаш ба шарафи сиёсатмадорони тоҷик номида шудаанд.
Самтҳои парвозҳои мунтазамӣ:
– Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд (Тоҷикистон);
– Бухоро, Тошканд (Ӯзбекистон);
– Алмаато (Қазоқистон);
– Москва («Домодедово»), Санкт-Петербург, Оренбург, Екатеринбург, Қазон, Красноярск, Иркутск, Сочи, Краснодар (Русия);
– Дубай (АМА);
– Истанбул (Туркия);
– Урумчи (Хитой);
– Франкфурт-дар-Майн (Олмон).
Рейсҳои чартерӣ ба Нижневартовск ва Ханты-Мансийск иҷро карда мешаванд. Дар сол як маротиба Somon Air зиёраткунандагонро ба хаҷ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ интиқол медиҳад. Ҳамагӣ ширкат мусофиркашониро дар бисту шаш самт ба роҳ мондааст.