Таърихи Тоҷикистон

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод дар соҳилҳои ду дарё Амударё ва Сирдарё қабилаҳои эронӣ-шарқӣ сокин шуданд. Дар ҳамон вақт кишвари Тоҷикистон таърихи худро шурӯъ намуд.

Албатта, дар он давра кишвар дигар ном дошт. Дар давраҳои қадим, заминҳои ҳудуди Тоҷикистони имрӯза дар дохили давлати Бохтари ғуломдор қарор доштанд. Баъдан онҳоро Искандари Мақдунӣ забт кардаст. Дар бадали таърихи хеш Тоҷикистон маротибаҳо забт гардида, ҳудудаш ба тобеъияти як чанд давлатҳо тааллуқ дошта буд ва танҳо дар соли 1991 истиқлолияти давлатиро ба даст оварда, соҳиб шуд.

Аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама хурд аст. Новобаста аз ин, тоҷикон анъанаҳои хешро, ки аз насл ба насл дода мешаванд, хеле эҳтиёткорона эмин нигоҳ медоранд. Ба вусъати худ нигоҳ накарда, Тоҷикистон барои сайёҳон ҷозибу дилкаш ба назар мерасад. Сабаби ин дар табиати тааҷҷубовари он мебошад. Кӯҳҳои Фон воқеъан ҳам варақаи боздиди Тоҷикистон мебошанд. Фонкӯҳҳо дар қисми ғарбии силсилаи кӯҳҳои Помир-Алое, ки яке аз бузургтарин маҷмаъҳои кӯҳии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ҷойгиранд. Байни кӯҳҳо кӯлҳои ниҳоят зебою нотакрор паҳн шуданд, дарахтони шаклашон аҷиб ва ҳавои тозаи кӯҳистон ба назар мерасанд. Давраи бехтарини сайёҳат – ин моҳҳои июл-август мебошанд, ки дар он вақт дар кӯҳҳо обу ҳавои хуб барқарор мешавад, ҳарорати рӯзонаи ҳаво аз 20 то 30 дараҷаро ташкил медиҳад, шабона он то ба сифр паст шуда метавонад.

Дар ғарби Тоҷикистон, дар ҷониби шарқи Самарқанд шаҳри бостонии Панҷакент ҷойгир шудаст. Дар баландии 900 м аз сатҳи баҳр мавқеъ дошта, шаҳр таваҷҷӯҳи махсуси сайёҳонро ҷалб менамояд. Сабаби он – вуҷуди шумораи зиёди ёдгориҳои меъморӣ ва минтақаи олиҷаноби истироҳат дар дарёи Зарафшон аст.

Дар канори Панҷакент қисми гузаштаи дерини он – димнаи қадиме дорои арк ҷойгир шудаст. Дар гирд мисли он биноҳои қадима мавқеъ доранд, ки дар дохилиашон фрескаҳою расмҳои рӯидеворро назар метавон кард. Ин макон аз соли 1972 чун ёдгории расмии таъриху маърифати Тоҷикистон эътироф карда мешавад.

Дар наздикии шаҳри Панҷакент деҳаи Саразм ҷойгир шудаст. Он ҳанӯз асрҳои 4-2 то мелод таъсис ёфтаст. Бо кандани металлҳои қиматбаҳо ва содироти онҳо ба мамолики Шарқи Наздику Осиёи Марказӣ шӯҳрат пайдо карда буд. Ҳамчунин, дар деҳа ибодатхонаҳои оташпараст, манзилҳои парастишӣ ва истиқоматӣ хуб маҳфуз мондаанд.

Дар ҷодаи нишон додани ҷойҳои тамошобоби маданӣ, Тоҷикистон низ имкониятҳои зиёд дорад. Масъалан, осорхонаи миллие, ки соли 1934 дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе таъсис дода шудаст. Дар се ошёнаи осорхона экспозитсияҳою намоишгоҳҳо бахшида ба таърих, маданият, рассомӣ ва табиат ҷойгир шуданд. Ҳамаи тасвирҳои нигораҳо бо ду забон – тоҷикию русӣ пешниҳод карда шудаанд.

Наздикии чанд километр аз осорхона боғе мавқеъ дорад, ки солҳои 30-юм чун «Боғи маданияту истироҳат ба номи Ленин» номида мешуд. Аллакай ҳамон солҳо дар ҳар як гӯшаю канори он бо фаввораҳою гулзорҳо барои истироҳати дилписанд ҷойҳои зиёд қарор дошта буданд, вале пас аз таҷдиди кулл боғ ба сокинони пойтахт дар намуди дигару бо номи нав – «Боғи Устод Рӯдакӣ» ба назар расид. Соли 2008 дар ҳудуди боғ ҳайкали «қаҳрамони асосии он» – шоири бузург Абӯабдуллоҳи Рудакӣ гузошта шуд.

Тавассути калимаҳо тасвир кардани кулли зебогии Ҷумҳурии Тоҷикистони офтобиро имконнопазир мебошад. Дар бораи анъанаҳо, ёдгориҳо ва таомҳои нотакрор бисёр гӯш кардан мумкин, аммо, чӣ тавре, ки ҳикмати бузург изҳор мекунад, як маротиба дидан бештар аст.