Тавассути чархбол ба минтақаҳои кӯҳистонии Помир

Кишвари кӯҳҳо

Тоҷикистон – кишвари кӯҳистонӣ аст, 93% ҳудуди онро – минтақаҳои кӯҳистонӣ воқеъ дар баландии се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ташкил медиҳанд.

Дар шарқи Тоҷикистон қуллаҳои Помир ҷойгиранд, аз ҳама баландтаринашон – қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки қаблан Қуллаи Коммунизм ном дошт (7495 метр аз сатҳи баҳр). Дар ғарб кӯҳҳои Фон мавқеъ гирифтаанд, ки барои кӯҳнавардон аз ҷиҳати хатсайрҳои шавқовар ва қуллаҳои барфӣ ва барои сайёҳон аз ҷиҳати водиҳои гулгулшукуфон дилписанданд. «Дилаамро ба кӯҳои Фон бахшидам» – ҳофиз ва саёҳатчӣ Юрий Визбор, ки зебогию шафоффии табиати Тоҷикистонро мафтун гашта буд, чунин ҳисоб мекард.

Авиаброкери аврупоии Aviav TM (Cofrance SARL) ташкили хатсайрҳои чархболиро ба минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон пешкаш менамояд: ба қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳиссор ва Алойе, ки қуллаҳои онҳо бо пиряхҳо болопӯш гардида, асосан касногузаранд, ва таги дараҳои морпечшуда дарёҳои тезрав ҷорӣ мешаванд.

Асрори Тоҷикистон

Қаторкӯҳҳои Тоҷикистон на танҳо бо табиати ибтидои, балки бо истгоҳҳо ва мағораҳои қадиме, ки аз ҷониби бостоншиносон қисман муоина шуда, ва то ба ҳол асрори зиёдеро доранд, шавқоваранд. Ширкати Aviav TM (Cofrance SARL) барои саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ ва табиӣ, чархболро ба иҷора медиҳад ва экипажҳои таҷрибадор парвози мураққабро ба саргузашти дилписанд табдил медиҳанд.

Соли 2003 дар доманаи қаторкӯҳхои Зарафшон дар мағораи Ангиляк нақши пои одами неандерталие, ки дар кӯҳҳои Помир 40 ҳазор сол пеш зиндагӣ мекард, ошкор гардида буд. Аз фурудгоҳи маҳаллии баландкӯҳии Хоруғ то ба мағораи қадимаро чархбол мусофиронро муддати ду соат бурда мерасонад. Фурудгоҳ майдончаи васеъи чархболиро дорад, вале рейсҳои мунтазамӣ мавҷуд надоранд. Кофранс САРЛ киштиҳои муосири ҳавоиеро барои саёҳат ба асрорҳои ибтидоӣ пешниҳод мекунад.

Ба водии гуногунранги Фарғона, «Шоҳроҳи Бузурги Помир» мошинаи винтуқанотдор ҳамаи ҳаводорони зебогии экзотики табиатро бурда мерасонад; ба кӯҳхои беҳамто ва дараҳои Оқ-Су аз фурудгоҳи Хуҷанд (то ба он – сад километр) ва ба соҳили кӯли баландкӯҳии Қаракӯл бо қӯтосҳои сайругаштдошта ва ба Водии Гирдбодҳои сирдор бошад – аз пойтахти Тоҷикистон Душанбе ё Бишкеки Қирғизистон парвоз кардан бештар аст.

Чархболҳо масъалаҳоро ҳалу фасл менамоянд

Мошинаи винтуқанотдор кӯҳнавардонеро, ки мақсади азхудкунии қуллаи навро доранд, ба ҷои болобароӣ бо бароҳат бурда мерасонад. Яке аз қуллаҳои мазкур бо номи Чимтарға, воқеъ дар кӯҳҳои Фон, барои ҳаводорони варзиши кӯҳӣ бо хатсайрҳои кӯҳнавардии ҳармураккабӣ дилписанд аст. Ба Кӯлҳои гилолуде, ки аз онҳо болобароиҳои кӯҳнавардӣ оғоз мегиранд ва аз ин ҷо пеш Шоҳроҳи Абрешим мегузашт, тавассути чархбол аз фурудгоҳи Душанбе парвоз кардан қулай (масофат яксаду бист километро ташкил медиҳад).

Чархболҳо махсусан дар давраи зимистоне, ки аз кӯҳхо тармаҳо мефароянд ва ҳаракати автомобилӣ мушкил ё тамоман имконнопазир мегардад, ивазнашавандаанд. Ағбаҳои мушкилгузар дар маҳалли қаторкӯҳи Алой бо чаманҳои алпӣ ва ландшафти биёбонӣ дар гирди он ҷойгир шудаанд; дар минтақаи қаторкӯҳҳо бо қуллаҳои баландиашон 5,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, нақлиёти ҳавоӣ ҷиҳати интиқоли ҳам мусофирон ва ҳам борҳо сарбории асосиро ба ӯҳда мегирад.

Шикор ва моҳигирии экзотикӣ

Хислатҳои парвозии чархболҳо зимни ташкили шикори баландкӯҳӣ ба гӯсфанди ёбоӣ ва бузи кӯҳии осиёимарказие, ки дар баландии 3-4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр сокин мебошанд, даркор мешаванд. Ҳаводорони моҳигириро дар дарёҳои кӯҳӣ гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва гулмоҳича интизоранд, дар ҷойҳои аз тамаддун дурдаст сайёҳон бо гӯсфандҳои архар, гавазни туғаӣ, аз ҷумлаи даррандаҳо – хирсҳо, кафторҳо, савсорҳо ва рӯбоҳҳо рӯбарӯ мешаванд. Қаторкӯҳҳои Помир ва Тяншан барои геологҳо, географҳо, биологҳо, бостоншиносону палеонтологҳо хеле шавқовар мебошанд.

Aviav TM (Cofrance SARL), ҷиҳати ташкили интиқоли ҳавоӣ дар шароити гуногуни табиию иқлимӣ таҷрибаи бисёрсоларо дошта, бехатарии парвозҳоро кафолат медиҳад. Барои кормандони ширкат чизе ғайриимкон нест!