22.11.2017

Фармоиши ҳавопаймои хусусӣ бо AVIAV TM

Хизматрасоние, ки бо фармоиши ҳавопаймои хусусӣ вобаста мебошад, байни мусофирони русию аврупои хеле машҳураст. Афзалияти асосиаш ин аз ҷадвали парвозҳои ҳавоӣ мустақил будан мебошад.

Мизоҷ, тибқи ҷадвали кории хеш, ҳавопайморо фармоиш карда метавонад, то ин ки дар вақти зарурӣ ба нуқтаи таъиншуда бирасад. Барои фуромадану парвоз кардани чунин ҳавопаймоҳо майдончаҳои хурд дастрас мебошанд, ки истифодабарии фурудгоҳҳои шахсиеро, ки дар мавзеҳои душворфатҳ ҷойгиранд, имконпазир мегардонад.

Пеш аз саворшавӣ ва пас аз ба ҷой омада расидан фармоишагр аз зарурияти интизоршавии бисёрсоата дар назди пештахтаи бақайдгирӣ, батартибдиҳии ҳуҷҷатҳо, гузаштани муоинаи шахсӣ ва интизоршавии багоҷ озод мебошад. Ҳамин тавр, барои фаъолияти тиҷоратӣ ва истироҳати фаъолнок иҷораи ҳавопаймоҳ варианти афзалиятдоре, ки сафарҳоро дар миқёси ҷаҳон назаррас осон мегардонад, дониста мешавад.

Хизматрасониҳои брокери AVIAV TM (Cofrance SARL)

Кӯмаки худро дар ҷодаи ташкили сафарҳои шахсию тиҷоратӣ ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) пешниҳод менамояд. Ин яке аз брокерҳои пешрафтаи Аврупо мебошад, ки идораш дар Нитсаи фаронсавӣ ҷойгир шудааст. Ширкат хизматрасонии маҷмӯъиеро, ки ташкили бевоситаи сафар, ҳаллу фасли масъалаҳои бюрократӣ, таъминоти ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад ва имкониятҳои иловагиро дарбар мегирад, мерасонад.

Доир ба саволи эҳтимолӣ оиди он, ки ҳавопаймои шахсиро чӣ тавр фармоиш хоҳад кард, ширкат ба мизоҷонаш ҷамъи васъеи воситаҳои коммуникатсияҳоро пешниҳод менамояд. Бо кормандон тариқи телефон ё Интернет, бо истифодаи ҳам почтаи электронӣ ва ҳам шакли сомонавӣ, пайваст шудан мумкин аст. Дар майдонча замимаи мобилиро метавон ворид кард, ки истифодабарандаи он хизматрасонии муфидро дар даст дошта, ҳамавақт аз пешниҳодҳои манфиатдор хабардор мебошад.

Фаъолияти ширкат ба сокинони русзабони давлатҳои собиқ ИҶШС равона карда шудааст. Намояндагиҳои Cofrance SARL дар Порис, Лондон, Москва, Санкт-Петербург, Киев ва Алмаато ҷойгир карда шудаанд. Дастаи кормандон як чанд забонҳои хориҷиро медонанд, ки ин муносибатҳоро осон гардонида, ҷиҳати фармоишро фавран иҷро кардан, мусоидат менамояд.

Парки ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳо

Ба истифодабарандагони хизматрасониҳои брокер парвозҳо ба ҳар гӯшаю канори сайёра дастрас мебошанд. Фармоиш муддати дақиқаҳо тартиб дода шуда, худи сафар дар ҳолати бароҳат мегузарад. Сатҳи пасти хизматрасонӣ, ҳамсоягии номатлуб дар дохили ҳавопаймо ва дигар аломатҳои нофорами рейси мунтазам ба пуррагӣ истисно карда мешаванд. Бо фармоиши мизоҷ ҳавопаймоҳ бо воситаҳои алоқаи тиҷоратие, ки канори онро ба офиси функсиалӣ табдил мегардонад ва дар он ҷо дар худи болои ҳаво видео-конфронсро бо шарикону кормандон гузаронидан мумкин аст, ҷиҳозонида мешавад.

Ба таври ҷиддӣ хоҳиши мизоҷ нисбати таомнома, ташкили машрубот ва таъминоти хизматрасонӣ ба назар гирифта мешаванд. Хизматрасониҳо овардани таом аз тарабхонаи дӯстдошта, ороиши канори ҳавопаймо тибқи хоҳишҳои мизоҷ, ташкили ваннахона ва гузоштани мебелро дар бар мегирад.

Ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки барои парвозҳо истифода мешаванд, аз назорати қатъӣ мегузаранд. Ширкати AVIAV TM танҳо бо мусофиркашони санҷидашудае, ки малакаи баланди экипажҳо ва ҳолати бенуқсони техникии ҳавопаймоҳоро исбот карда тавонистанд, ҳамкорӣ менамояд. Барои хизмати мизоҷон ҳавопаймоҳои тамғаҳои аврупоӣ, минҷумла Dassault Falcon, Bombardier, Gulfstream пешниҳод карда шудаанд.

Таъминоти парвоз иҷозатро барои паридаравӣ аз ҳукумати маҳаллӣ дар бар мегирад, брокер саривақт мизоҷро аз мушкилиҳои бюрократӣ озод мекунад. Сатҳи хизматрасониҳо тариқи аъзогии ширкат дар ассотсиатсияҳои аврупоии NBAA ва EBAA тасдиқ карда мешавад.

Афзалиятҳои иловагӣ

Ба фармоишгарон махфияти пурра кафолат дода мешавад. Ҳеҷ кас ва ҳаргиз дар бораи вақти сафар, нуқтаҳои омаду рафт, шумораи мусофирони ҳузурдошта хабардор намешавад. Дар баробари рейсҳои тиҷоратӣ ба фармоишгарон сатхайрҳои сайёҳӣ ва сафарҳои сайёҳатӣ дастрас мебошанд. Саридораи Cofrance SARL дар Нитса ҷойгир мебошад, ки ба туфайли он Ривераи Фаронсавӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкат дониста мешавад.

Истифодабарандагони хизматрасониҳо аз Марсел ба Монако, аз Нитса ба Тулон ва Бордо ва, ҳамчунин, ба дигар шаҳрҳо доимо метавонанд парвоз кунанд, ки барои ин рейсро ба ихтиёри худ фармоиш мекунанд. Сайёҳат дар болои мавзеъҳои фаронсавӣ зебогию андозаи бузурги соҳили баҳри Миёназаминиеро, ки дар он дурдонаҳои сайёҳии ҷаҳонӣ ҷойгиранд, бо чашми худ баҳогузорӣ карданро имконият медиҳад.