Фурудгохи байналмилалии Душанбе 

Posted on26.12.2018 

 

Фурудгохи байналмилалии Душанбе (Dushanbe International Airport)дар Ҷумҳурии ТоҷикистонРамзи IATA – DYU.  

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон ва пойтахти он аст. Дар фурудгоҳ тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд, ки он ҳамеша намуди ободу зебо дошта, таваҷҷӯҳи меҳмононро ба худ ҷалб намояд, дар он мусофирону меҳмонон пайваста осоишу фароғат эҳсос карда, аз хизматрасониҳои аъло бархурдор гарданд ва ниҳоят, парвозҳое, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба амал меоянд, воқеан пайвандгари мардумон ва тамаддунҳо бошанд. 

Агар ба фурудгоҳи мазкур парвоз карда омаданро ба нақша гирифта бошед, нархҳои чиптаҳои ҳавопаймоиро метавонед бисанҷед ва дар вуҷуди хоҳиш тавассути шакли дар поён овардашуда онҳоро брон кардан имконпазираст. Ҳамчунин, фаромӯш накунед, ки баъзан нархҳои парвозҳо ба шаҳрҳою фурудгоҳҳои ҳамсоя метавонанд пастар бошандбинобаринбештар аст, ки парвозҳо ба фурудгоҳҳои наздиктарин низ иловатан санҷида шаванд (нигоҳ кунед: фурудгоҳҳо назди шаҳри Душанбе). 

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пайваста такмил меёбад ва ободу зебо мегардадНизоми аэронавигатсионии он нав карда ва бо асбобҳои навтарин ҷиҳозонида шудааст. Дар хатти сунъии парвозу фурудоӣ ва перрон тибқи талаботи замон борҳо корҳои ободонию навсозӣ ба амал бароварда шудаанд. 

Читайте также:  {:tj}Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар Тоҷикистон {:}{:ru}Аэропорт Куляб в городе Куляб в Таджикистане{:}

Феълан байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони терминали нави фурудгоҳ барои 500 мусофир / соат қарордод ба имзо расидааст. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои Аврупо – Осиё мавзеи басо муҳим ва калидӣ буда, дар нуқтаи баҳамоии бисёр роҳҳои таърихӣ ҷойгир шудааст, ки яке аз онҳо Роҳи бузурги Абрешим аст. Ба таври дигар гӯем, Тоҷикистон метавонад пули табиии ҳавоӣ – нақлиётии байни мамлакатҳои ду қитъа – Осиё ва Аврупо гардад. 

Дар робита бо ин, масъалаи муҳиме, ки имрӯз дар назди Фурудгоҳи байналмилавлии Душанбе меистадташкили роҳҳои ҳавоии мобайнӣ (коридорӣ) миёни мамлакатҳои ин ду қитъа ва ба ҳамин васила мусоидат кардан ба густаришу баланд бардоштани самаранокии алоқаҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва мусофиру боркашонӣ мебошад. Ба ин тариқ, хатти аврупоӣ – осиёии ҳамгироии Тоҷикистон низоми ҷаҳонии хоҷагидориро бо роҳҳои боэътимоди нақлиёти ҳавоӣ таъмин менамояд. 

Читайте также:  {:tj}Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар Тоҷикистон {:}{:ru}Аэропорт Худжанд в городе Худжанд в Таджикистане{:}

Фурудгоҳи мазкур ба шаҳри Душанбе хизматрасонӣ менамояд. Дар минтақаи наздик шаҳрҳои зерин мавқеъ гирифтаандХуҷанд, БохтарКӯлобСамарқанд, Ҷизах, ТермизТошкандШимкентИсломобод, Равалпиндӣ, Мурее, Қашғар, Галмарг, Қундуз, Толуқон, Дарвоз. 

Куляб, ХваханКундуз, Худжанд, Талукан, Термез, Дарваз, Самарканд. 

 

 

Агар ба фурудгоҳи мазкур парвоз кунед, дар мехмонхонаҳои наздик қароргирифта хоб карда метавонед. Дар наздикӣ мехмонхонаҳои зерини шаҳри Душанбе мавқеъ гирифтаандHyatt Regency DushanbeHotel AtlasRohat HotelTajikistan HotelHostel HelloLotte PalaceDushanbe Hotel ва ҳ. 

Ҳамаи меҳмонхонаҳоеро, ки ба фурудгоҳи Душанбе наздик мебошанд, минҷумла ҷойгиршавии харитавии онҳоро дар ин ҷо дида метавонед. 

 

Шаҳрҳои наздик / Меҳмонхонаҳо / Фурудгоҳҳои наздиктарин 

  • Самарқанд (1 меҳмонхонамасофат 238.4 км.) 
  • Тошканд (10 меҳмонхонаҳомасофат 306.6 км.) 
  • Шимкент (1 меҳмонхонамасофат 422.7 км.) 
  • Исломобод (7 меҳмонхонаҳомасофат е 703.3 км.) 
  • Равалпиндӣ (2 меҳмонхонаҳомасофат 710 км.) 
  • Мурее (2 меҳмонхонаҳомасофат 713.6 км.) 
  • Қашғар (5 меҳмонхонаҳомасофат 767.3 км.) 
  • Галмарг (15 меҳмонхонаҳомасофат 783.2 км.) 
  • Кӯлоб (масофат 123.4 км.) 
  • Хвахан (масофат 167.1 км.) 
  • Қундуз (масофат 205.5 км.) 
  • Хуҷанд (масофат 206.5 км.) 
  • Толуқон (масофат 208 км.) 
  • Термиз (масофат 215.6 км.) 
  • Дарвоз (масофат 225.1 км.) 
Читайте также:  {:tj}Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар Тоҷикистон {:}{:ru}Аэропорт Куляб в городе Куляб в Таджикистане{:}