Авиатсияи боркаши Тоҷикистон

Намуди мазкури авиатсияи давлат дар давраи ибтидоии инкишофи хеш қарор дорад. Даҳ сол пеш саҳми он дар доираи кулли интиқоли борҳо дар Тоҷикистон 1%, айни замон бошад – 6%-ро (як ҳазору дусад тоннаи борҳо) ташкил медиҳад. Дар соли 2017 дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахтии Душанбе терминали боркашоние, ки бо маблағгузории грантӣ тибқи созишнома бо Ҷопон сохта шуда буд, кори худро оғоз намуд. Бахши муосири боркашонии бандари пойтахтии ҳавоӣ, ки бо дастгоҳҳои Норвегия, Олмон ва Ҷопон ҷиҳозонида шудааст, яке аз беҳтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, дар нақшаҳои роҳбарияти кишвар – назаррас афзоиш додани содироти маҳсулоти хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби кори босамараи терминали боркашонӣ, вусъат додани ҷуғрофии парвозҳо ва ҷалбнамоии киштиҳои авиатсияи шахсӣ қарор дорад.

Авиаброкери машҳури аврупоии Aviav TM (Cofrance SARL) омода аст, ки бо иҷорагирони шахсӣ ҷиҳати истифодабарии киштиҳои муосири боркаш дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Дар дохили кишвар ба чархболҳое, ки дар ҷодаи фурудоӣ дар шароитҳои мураккаб қобилият доранд, афзалият дода мешавад, барои масофати дароз менеҷерони ширкат иҷораи ҳавопаймои боркаши ҳаҷмаш муносиббударо тартиб медиҳанд.

Читайте также:  {:tj}Бандарҳои асосии ҳавопаймоии Тоҷикистон{:}{:ru}Главные воздушные гавани Таджикистана{:}{:ar}الموانئ الجوية الرئيسية في طاجيكستان{:}{:it}Aeroporti principali del Tagikistan{:}{:fr}Principaux aéroports du Tadjikistan{:}{:pl}Główne porty lotnicze Tadżykistanu{:}{:tr}Tacikistan’ın ana hava limanları{:}{:tm}Täjigistanyň esasy howa menzilleri{:}{:by}Галоўныя паветраныя гавані Таджыкістану{:}{:kz}Тәжікстанның бас әуе айлағы{:}{:kg}Тажикстандын негизги аба гавандары{:}{:uz}Тожикистоннинг энг асосий ҳаво бандаргоҳлари{:}{:ua}Головні повітряні гавані Таджикистану{:}

Киштиҳои ҳавоии боркашро ҳамаи чор бандари байналмилалии ҳавоии Тоҷикистон – «Душанбе», «Кӯлоб», «Қурғонтеппа» ва «Хуҷанд» ва, ҳамчунин, майдончаҳои чархболӣ дар минтақаҳои бисёри кӯҳистонии мамлакат қабул мекунанд.

Aviav TM (Cofrance SARL) иҷораи фоиданоки киштиҳои боркашро барои коркунӣ дар Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд. Менеҷерони русзабони ширкат киштии ҳавоии лозимиро интихоб карда, ҳуҷҷатҳои иҷораро бо тезӣ тартиб медиҳанд. Барои интиқоли борҳо ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои муосири боркаш: «Боинг 747», «Ил-76», «Ан-140» ва, ҳамчунин, чархболҳо тамғаҳои «Ми-8МТВ», «Робинсон», «Аэробус Еврокоптер» истифода шуда метавонанд.

Барҳо тавассути киштиҳои шахсии боркаши баиҷорагирифташуда кафолатан саривақт ва дар ҳолати беосебии кулл оварда мешаванд, ки инро таҷрибаи калони фаъолияти Кофранс САРЛ дар соҳаи авиатсияи боркаш гувоҳӣ медиҳад.

Читайте также:  Авиакомпания «Узбекистон хаво йуллари» перевезла первого «безвизового» туриста из Италии

Кадом намуди борҳоро тавассути ширкати Aviav TM (Cofrance SARL) интиқол додан мумкин? Дар поён рӯйхати пурра оварда мешавад:
1. Муҳаррикҳо, киштиҳои дарёию баҳрӣ, ҷузъҳои автомобилҳо.
2. Мебели васлшаванда.
3. Техникаи офис.
4. Техника маишӣ.
5. Доруворӣ ва атриёт.
6. Ғизоҳо.
7. Молҳои конселярӣ, маҳсулоти чопӣ.
8. Таҷҳизоти осорхонаҳо.
9. Асарҳои антиқавӣ.
10. Асарҳои осорхонаҳою бостоншиносӣ.
11. Дастгоҳҳою таҷҳизотҳо.
12. Дастгоҳҳои варзишӣ.
13. Либосу пойафзол, матоъҳо.
14. Таҷҳизотҳои театрӣ, консертӣ ва сиркавӣ.
15. Ҳайвонот, гулҳо.
16. Ҳуҷҷатҳо.
17. Бори мураккаби калонҳаҷм.

Авиаброкер Кофранс САРЛ омодааст, ки иҷораи киштии боркашро барои интиқоли молҳо ва предметҳои гуногун, ба истиснои дорувории манънамудаи қонун, нашъа ва аслиҳа, пешниҳод намояд.

Барои интиқоли ҳайвонот кормандони ширкат ҳамроҳӣ ва нигоҳубинро зимни парвоз пешниҳод мекунанд; зимни интиқоли ғизо ва доруворӣ дар канор шароитҳои бештарин созмон дода мешаванд; муносибати махсус нисбати борҳои зудшикан кафолат дода мешавад.

Читайте также:  Правила провоза багажа и ручной клади на рейсах «Nordwind» (2019)

Хусусияти ҷуғрофии Тоҷикистонро вуҷуди кӯҳҳо ва минтақаҳои дурдаст инъиқос менамоянд. Агар зарурияти интиқоли борҳо ба кӯҳистон ба вуҷуд ояд, -Aviav TM (Cofrance SARL) иҷораи чархболҳои махсус ҷиҳозонидашударо пешкаш менамояд. Муддати соатҳои башумор ҳар бор ба ҷои таъиншуда бурда мешавад ва ҳамаи масъалаҳои тартибдиҳии иҷораро кормандони авиаброкер бар зиммаи худ мегиранд.

Дар ҳолатҳои алоҳида, дар сурати зарурияти интиқоли бори ғайриҳаҷмӣ ва, ҳамчунин, бригадаро иборат аз чанд шахс, менеҷерони ширкат якбора иҷораи ду чархбол – боркашу мусофиркашро ба тартиб медароранд. Фармоишгар бояд дилпур бошад, ки ҳарду киштӣ ба ҷои таъиншуда дар як вақт ҳозир мешаванд – Aviav TM (Cofrance SARL) кори сифатноки профессионалон ва муносибати индивидуалиро нисбати ҳар як мизоҷ кафолат медиҳад.