Давраҳои инкишофи авиатсия дар Тоҷикистон

Давлати осиёимарказии Тоҷикистон хусусияти ҷуғрофию иқтисодиеро дорад, ки ба аҳамиятдории авиатсияи кишвар таъсири назаррас мерасонад:
1) масофатҳои калон ва шаҳрҳои нисбати якдигар ба садҳо километрҳо дурбуда;
2) миқёси бузурги кӯҳистон – 93% кулли ҳудуди кишвар аз доманаҳои Помир ва Тяншон;
3) дарёи пурқуввати Сирдарё ва кӯлҳои калон;
4) ҳолати ногувори роҳҳои автобилгарду оҳан.

Давраи нахустин. Тавлиди авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон
Рейси аввалини ҳавоӣ ду шаҳри қадимаро – Бухорои Ӯзбекистон ва пойтахти Тоҷикистон Душанберо пайваста намуд, дар он давра Тоҷикистон аз дохили Аморати Бухоро аллакай хориҷ шуда, чун вилояти мухтор дар ҳудуди Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт. Парвоз соли 1924 бо қарори ташкилоти «Добролет» дар доираи инкишофи авиатсия дар миқёси тамоми ҶРШФС амалӣ гардид. Ҳавопаймои хурди «Энкерс-13» тахти идораи сарнишин Рашидбек Аҳриев дар ҳафта се маротиба мусофиронро аз як фурудгоҳ ба фурудгоҳи дигар бурда мерасонид. Соли 1927 ҷуғрофии парвозҳо вусъат дода шуд: рейсҳо аз Тошканд ба Самарқанд ва Термиз пайдо гардидаанд. Ҳамон вақт Маркази ҳавопаймоии Сталинобод (Душанбе аз соли 1920 Сталинобод ном дошт) кушода шуда, парвозҳоро аз болои кӯҳҳои Помир назорат мекард ва дар Душанбе фурудгоҳ сохта шуд. Дар нимаи дуюми солҳои 40-ӯм ҳавопаймоҳои «Ли-2» ва «Ю-52» мусофиронро ба шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ва ИҶШС интиқол медоданд; пионерон тавассути ҳаво ба Артек ва дигар лагерҳои Соҳили баҳрисиёҳгии Кавказ ва Крым сафар мекарданд.

Читайте также:  {:tj}Тавассути чархбол ба минтақаҳои кӯҳистонии Помир{:}{:ru}Вертолетом в горные районы Памира{:}{:ar}مروحية إلى المناطق الجبلية من البامير{:}{:it}Elicottero nelle zone montuose del Pamir{:}{:fr}En hélicoptère dans les régions montagneuses du Pamir{:}{:pl}Helikopterem do górzystych obszarów Pamiru{:}{:tr}Helikopterle Pamir’in dağlık bölgelerine {:}{:tm}Dikuçar bilen Pamiryň dagly raýonlaryna {:}{:by}Верталётам у горныя раёны Паміра{:}{:kz}Памирдің таулы аудандарына тік ұшақпен{:}{:kg}Памирдин тоолуу аймактарына вертолёт менен{:}{:uz}Помирнинг тоғли ҳудудларига вертолёт билан{:}{:ua}Вертольотом в гірські райони Паміру{:}

Давраи дуюм. Гурӯҳи ҳавопаймоии Тоҷикистон
Соли 1956 Раёсати минтақавии осиёимиёнагӣ дар бораи таъсис додани гурӯҳи ҳавопаймоии Тоҷикистон қарор кард, пас аз чор сол рейси нахустин ба Москва тавассути ҳавопаймои «Ил-18» амалӣ гашт. Солҳои 60-ӯм парки ҳавопаймоӣ бо киштиҳои мусофиркашони «Як-40», «Ан-24» ва «Ан-6»-и баландпарвоз пурзӯр гардида буд, парвозҳоро ҳамчунин чархболҳои «Ми-8» иҷро мекарданд. Дар давраи мазкури таърихи авиатсияи тоҷик муддати як сол 750 ҳазор мусофирон интиқол дода мешуданд.

Давраи сеюм. Раёсати авиатсияи гражданӣ
Дар солҳои 1970-ӯм аз хизматрасонии нақлиёти ҳавопаймоие, ки зери роҳбарии Раёсати авиатсияи гражданӣ фаъолият дошт, дар як сол ду миллион нафар истифода мекарданд.
Соли 1979 аз ҳудуди Тоҷикистон тавассути рейси нахустин ба Афғонистони инқилобдошта кӯмаки башардӯстона интиқол дода буд. Солҳои 1980-ӯм авиатсияи кишвар инкишоф ёфта буд: фурудгоҳҳои нав сохта мешуданд, хатҳои парвозу фурудоӣ мумфарш гардида буданд, системаи бронкунии автоматики чиптаҳои «Сирена» ҷорӣ шуда буд.

Давраи чорӯм. Солҳои 1990-ӯм: таназзул ва ҷаҳиш
Соли 1991 нақлиёти авиатсионӣ дар Тоҷикистон воқеъан сарбаланд буда, ҳар сол ду миллион мусофиронро интиқол медод ва сад ҳавопаймоҳои шӯравии «Ту-134», «Ту-154», «Як-40», «Ан-24», «Ан-26» ва «Ан-28» ва, ҳамчунин, даҳҳо чархболҳои «Ми-8»-ро соҳиб буд. Соли 1992 ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷикистон» (имрӯз – «Тоҷик Эйр») кори худро оғоз дода буд. Пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 шумораи мусофирони интиқолдодашуда даҳ баробар (!) кам гардид ва танҳо баъди бастани шартнома бо Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соли 1998 авиатсияи тоҷик аз нав «эҳё» гардид.

Читайте также:  «Эйр Астана» получила второй самолет Embraer 190-Е2

Давраи панҷӯм. Асри бисту як: воқеъият ва пешбиниҳо
Соли 2007 дар парки ҳавопаймоии Тоҷикистон нахустин ҳавопаймои ғайрирусиявӣ – «Боинг 737-300» пайдо гардида, дертар бо боз як чанд навъҳои Боингҳо ва киштии турбовинтии хитоии «МА60» пурзӯр гардида буд.
Тибқи Барномаи мақсадноки инкишофи нақлиёт, ки соли 2010 қабул гардиа буд, пешбинӣ карда шудааст:
– бунёди терминали нави байналмилалӣ дар бандари ҳавоии Душанбе;
– таҷдиди аэродромҳои як чанд фурудгоҳҳои калон;
– хусусигардонии корхонаҳои ҳавопаймоии саҳмдоре, ки имрӯз ҷиҳати фурӯши чиптаҳо ва ташкили хӯроки канорӣ инҳисор мебошанд;
– таҳияи Кодекси ҳавоии нави кишвар;
– инкишофи сектори авиатсияи тиҷоратӣ.

Соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миллии бехатарии авиатсионии кишварро қабул намудааст, ки тибқи он чораҳои ҳифзкунанда аз дахолати ғайриқонунӣ ба корҳои алоқаи ҳавопаймоӣ андешида шудаанд. Самтҳои асосии инкишофи нақлиёти ҳавопаймоии давлат муайян карда шудаанд: пурзӯр гардонидани парки киштиҳо бо ҳавопаймоҳо ва чархболҳои муосир; таҷдиди ҳамаи хатҳои парвозу фурудоӣ; таҷдиди аэровокзалҳо; вусъат додани ҷуғрофии парвозҳо (дар ҳолати соли 2018 ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар ҳафта 23 рейсро дар бисту ду самтҳо иҷро мекарданд).

Читайте также:  {:tj}Малая авиация Таджикистана{:}{:ru}Малая авиация Таджикистана{:}{:ua}Мала авіація Таджикистану{:}

Далелҳои шавқовар тааллуқ ба инкишофи авиатсияи тоҷик:
1. Сарнишиноне, ки дар авиатсияи кишвар солҳои дароз кору фаъолият доштанд, бо нишонаи фахрии «Собиқадори авиатсияи Тоҷикистон» сарфароз мегарданд. Дар чангаки доирашакл дар гирди хӯшаҳои заррин дар манзари осмони кабуд ҳавопаймои нуқраранге, ки дар болои қуллаҳои Помир парвоз мекунад, тасвир дода шудааст.
2. Ҳавопаймои нахустин дар Тоҷикистон ду сол пеш аз автомобил ва панҷ сол пеш аз қатора пайдо гардида буд.
3. Маҷаллаи National Geographic Traveler, нашрияи номдори сайёҳӣ, аз даҳ самтҳои машҳури сайёҳи дар ҳудуди собиқ ИҶШС (пас аз Крым ва Кавказ) ба ҷои сеюм Тоҷикистонро гузоштааст.