Posted on 26.12.2018
Фурудгохи байналмилалии Душанбе (Dushanbe International Airport) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рамзи IATA – DYU.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон ва пойтахти он аст. Дар фурудгоҳ тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд, ки он ҳамеша намуди ободу зебо дошта, таваҷҷӯҳи меҳмононро ба худ ҷалб намояд, дар он мусофирону меҳмонон пайваста осоишу фароғат эҳсос карда, аз хизматрасониҳои аъло бархурдор гарданд ва ниҳоят, парвозҳое, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба амал меоянд, воқеан пайвандгари мардумон ва тамаддунҳо бошанд.
Агар ба фурудгоҳи мазкур парвоз карда омаданро ба нақша гирифта бошед, нархҳои чиптаҳои ҳавопаймоиро метавонед бисанҷед ва дар вуҷуди хоҳиш тавассути шакли дар поён овардашуда онҳоро брон кардан имконпазираст. Ҳамчунин, фаромӯш накунед, ки баъзан нархҳои парвозҳо ба шаҳрҳою фурудгоҳҳои ҳамсоя метавонанд пастар бошанд, бинобарин, бештар аст, ки парвозҳо ба фурудгоҳҳои наздиктарин низ иловатан санҷида шаванд (нигоҳ кунед: фурудгоҳҳо назди шаҳри Душанбе).
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пайваста такмил меёбад ва ободу зебо мегардад. Низоми аэронавигатсионии он нав карда ва бо асбобҳои навтарин ҷиҳозонида шудааст. Дар хатти сунъии парвозу фурудоӣ ва перрон тибқи талаботи замон борҳо корҳои ободонию навсозӣ ба амал бароварда шудаанд.
Феълан байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони терминали нави фурудгоҳ барои 500 мусофир / соат қарордод ба имзо расидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои Аврупо – Осиё мавзеи басо муҳим ва калидӣ буда, дар нуқтаи баҳамоии бисёр роҳҳои таърихӣ ҷойгир шудааст, ки яке аз онҳо Роҳи бузурги Абрешим аст. Ба таври дигар гӯем, Тоҷикистон метавонад пули табиии ҳавоӣ – нақлиётии байни мамлакатҳои ду қитъа – Осиё ва Аврупо гардад.
Дар робита бо ин, масъалаи муҳиме, ки имрӯз дар назди Фурудгоҳи байналмилавлии Душанбе меистад, ташкили роҳҳои ҳавоии мобайнӣ (коридорӣ) миёни мамлакатҳои ин ду қитъа ва ба ҳамин васила мусоидат кардан ба густаришу баланд бардоштани самаранокии алоқаҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва мусофиру боркашонӣ мебошад. Ба ин тариқ, хатти аврупоӣ – осиёии ҳамгироии Тоҷикистон низоми ҷаҳонии хоҷагидориро бо роҳҳои боэътимоди нақлиёти ҳавоӣ таъмин менамояд.
Фурудгоҳи мазкур ба шаҳри Душанбе хизматрасонӣ менамояд. Дар минтақаи наздик шаҳрҳои зерин мавқеъ гирифтаанд: Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Самарқанд, Ҷизах, Термиз, Тошканд, Шимкент, Исломобод, Равалпиндӣ, Мурее, Қашғар, Галмарг, Қундуз, Толуқон, Дарвоз.
Куляб, Хвахан, Кундуз, Худжанд, Талукан, Термез, Дарваз, Самарканд.
Агар ба фурудгоҳи мазкур парвоз кунед, дар мехмонхонаҳои наздик қароргирифта хоб карда метавонед. Дар наздикӣ мехмонхонаҳои зерини шаҳри Душанбе мавқеъ гирифтаанд: Hyatt Regency Dushanbe, Hotel Atlas, Rohat Hotel, Tajikistan Hotel, Hostel Hello, Lotte Palace, Dushanbe Hotel ва ҳ.
Ҳамаи меҳмонхонаҳоеро, ки ба фурудгоҳи Душанбе наздик мебошанд, минҷумла ҷойгиршавии харитавии онҳоро дар ин ҷо дида метавонед.
Шаҳрҳои наздик / Меҳмонхонаҳо / Фурудгоҳҳои наздиктарин
- Самарқанд (1 меҳмонхона, масофат 238.4 км.)
- Тошканд (10 меҳмонхонаҳо, масофат 306.6 км.)
- Шимкент (1 меҳмонхона, масофат 422.7 км.)
- Исломобод (7 меҳмонхонаҳо, масофат е 703.3 км.)
- Равалпиндӣ (2 меҳмонхонаҳо, масофат 710 км.)
- Мурее (2 меҳмонхонаҳо, масофат 713.6 км.)
- Қашғар (5 меҳмонхонаҳо, масофат 767.3 км.)
- Галмарг (15 меҳмонхонаҳо, масофат 783.2 км.)
- Кӯлоб (масофат 123.4 км.)
- Хвахан (масофат 167.1 км.)
- Қундуз (масофат 205.5 км.)
- Хуҷанд (масофат 206.5 км.)
- Толуқон (масофат 208 км.)
- Термиз (масофат 215.6 км.)
- Дарвоз (масофат 225.1 км.)