Косабӯлаки ноаён. Сайёҳат ба Тоҷикистон

Дар ин давра заминҳо бо сабзаҳо рӯйпӯш, осмон бо кабудӣ фарогирифта, дил бошад пур аз нур мегардад. Чӣ қадар мо ба маҳалли таъиншуда наздик мешудем, он қадар мавзеъҳои кӯҳӣ зиёд ба назар мерасиданд.

Гоҳ-гоҳ бо подаҳои калони модаговҳои лоғару рамаҳои гӯсфандони дунбадоре, ки дар нишебиҳои сералаф мечариданд, рӯ ба рӯ мешудем. Бил охир роҳ аз болои ағбаи миёнақад печутоб хӯрда, ба тарафи чап мегардад. Аз тарафи рост дараи хушманзарае, ки онро бузҳо маъқул донистанд, ҷойгир шудааст. Дар қафои он пистазорҳои гулшуфон мавҷуданд. Сангпушти осиёимарказӣ, ки онро мардуми маҳаллӣ «санг буқа» (теппаи сангин) ё ин ки «сангпушт» (қафои сангин) меномад, калавида-калавида оҳиста аз миёни роҳ мегузарад. Чӯпони ҷавон бузҳоро аз ёд бароварда, аз болои сангҳо ҳаллос зада, зам-зама суруд хонда истодааст.

Апрелро дар Тоҷикистон дидан, шунидан ва ҳис бояд кард…

Деҳаи Косабӯлак дар доманаи хушманзари кӯҳ гуворона ҷойгир шуда, тӯдаи хонаҳои қадпасти похсадеворро дарбар мегирад. Новобаста аз оддияти чунин манзил, он дар давраи гармие, ки аллакай аз моҳи май оғоз мегардад ва то ба охири моҳи сентябр давом медиҳад, салқинии дилхоҳро таъмин менамояд.

Деворҳои баъзе хонаҳо пур аз лӯндаҳои тиратоб, мисли пулакчаҳои биқини моҳӣ, рӯйпӯш карда шудаанд. Баъдан муайян мегардад, ки: ин – кулчаҳо омехтаи поруи гов ва поҳ буда, мардуми маҳаллӣ онро «таппак» мегӯяд. Дар шароити камчинии ҳезум чунин маҳсулоти таппӣ чун сӯзошвории бебадал ҳисобида мешавад. Онҳоро дар ҷониби офтобии хона хушк карда, лӯндаҳои тайёрро дар амборҳои махсус нигоҳ медоранд.

Читайте также:  {:tj}Авиатсияи боркаши Тоҷикистон{:}{:ru}Грузовая авиация Таджикистана{:}{:ar}الشحن الجوي في طاجيكستان{:}{:it}Trasporto merci in aereo di Tagikistan{:}{:fr}Aviation cargo au Tadjikistan{:}{:pl} Lotnictwo towarowe Tadżykistanu{:}{:tr}Tacikistan’ın hava kargo taşımacılığı{:}{:tm}Täjigistanyň ýük awiasiýasy {:}{:by}Грузавая авіяцыя Таджыкістану{:}{:kz}Тәжікстанның жүк авиациясы{:}{:kg}Тажикстандын жүк ташуу авиациясы{:}{:uz}Тожикистон юк ташиш авиацияси{:}{:ua}Вантажна авіація Таджикистану{:}

Манзили истиқомати бо забони тоҷикӣ «хона» номида шуда, ба қисми мардонаю занона (ба онҷо бегонагон даромадан қатъиян манъ аст) тақсим мешавад. Ҳамаи лавозимотҳо дар ҳавлӣ ҷойгиранд. Ба истиснои телевизиони спутникие, ки соҳиби онҳо чӯпонҳои аз ҳама дорою осудаҳол мебошанд.

Бомҳои ҳамвори хонаҳои деҳаро сагҳои гурггир ба сифати нуқтаҳои назоратӣ маъқул донистаанд. Бар хилофи сагҳои алабайи похтахт, ки дар зиндонҳои ҳуҷраҳои шаҳр дилгиранд, сагҳои чӯпонии Косабӯлак виҷдонона таъиноти хешро, яъне чарондану муҳофизат кардани подаҳо, сазовор мешаванд. Дар ин ҷо баривази сагбачаи олиҷаноб, бидуни савдо, чор гӯсфандро медиҳанд. Ҷозибияти махсусро ба Косабӯлак кӯдакону мӯйсафедон – ҳамаашон бо либоси миллӣ, мебахшанд. (Агар кӯдакон меҳмононро аз наздикӣ бо ҳавас тамошо мекунанд, мӯйсафедон, бошад, ба ин аз дур ва бо таҳаммул машғул мешаванд).

Ҷозибияти махсусро ба Косабӯлак кӯдакону мӯйсафедон мебахшанд. Кӯдакон меҳмононро бо ҳавас тамошо мекунанд, мӯйсафедон, бошад, ба ин бо таҳаммул машғул мешаванд).

Занҳо ба Иди Наврӯз тайёрӣ дида, аз паи рӯзгор мешаванд: либосҳою зарфҳоро дар ҷӯй мешӯянд. Об – сарвати бузург аст, онро эҳтиёткорона сарф мекунанд.
Либоси ҳаррӯзаи мардҳои Косабӯлак – ин ҷомаи бетугма, тоқӣ, шалвори сербар, мӯзаи чармини нӯгборик мебошанд.

Занҳо, бошанд, куртаҳои сербар, шалвору сарбандро мепӯшанд. Ҷавонон, мисли тамоми ҷаҳон, джинсҳою футболкаҳоро авлотар мешуморанд.

Читайте также:  {:tj}Тавассути чархбол ба минтақаҳои кӯҳистонии Помир{:}{:ru}Вертолетом в горные районы Памира{:}{:ar}مروحية إلى المناطق الجبلية من البامير{:}{:it}Elicottero nelle zone montuose del Pamir{:}{:fr}En hélicoptère dans les régions montagneuses du Pamir{:}{:pl}Helikopterem do górzystych obszarów Pamiru{:}{:tr}Helikopterle Pamir’in dağlık bölgelerine {:}{:tm}Dikuçar bilen Pamiryň dagly raýonlaryna {:}{:by}Верталётам у горныя раёны Паміра{:}{:kz}Памирдің таулы аудандарына тік ұшақпен{:}{:kg}Памирдин тоолуу аймактарына вертолёт менен{:}{:uz}Помирнинг тоғли ҳудудларига вертолёт билан{:}{:ua}Вертольотом в гірські райони Паміру{:}

Аммо, аз ҳама бошандагони сершумораи Косабӯлак – ин харони тамоми зоту синну сол мебошанд. Агар дар Ҳиндустон ҳайвони наҷиб – гов ҳисобида мешавад, вале дар Тоҷикистон ин шояд хар бошад! Агар шумо ғарқи орзуятон шавед ё ин ки аз гармӣ лакот гардед, доди беҳамтои хар ҳамон замон шуморо ба ҳастии воқеъӣ бармегардонад. Ин деҳа ҳасту бас!

Деҳа чун холазун исроркорона ба болои нишебиҳои серхарсанг паҳн мешавад. Дар поён масҷид ҷойгир шудааст. Дар иерархияи маҳаллӣ мулло – шахси мӯътабар дониста мешавад. Муаззин дар як рӯз панҷ маротиба тариқи доди хос ба гирду атроф азон хонда, мӯъминонро ба намоз даъват менамояд.

Аз ҳама боло хонаи раис, роҳбари ҷамоат (шӯрои деҳавӣ) ҷойгир шудааст.

Мардуми маҳаллӣ хеле меҳмоннавоз аст. Меҳмондорӣ аз маросими шустани дастҳо оғоз мегирад. Соҳиби хона ё ин ки яке аз аъзоёни мардонаи оилааш ба дасти меҳмон аз кӯзаи махсус об мерезад. Меҳмононро дар ӯтоқи алоҳидае, ки «меҳмон-хона» номида мешавад, қабул мекунанд. Фарши он бо намаду гилем рӯйпӯш карда шудааст. Таги деворҳо кӯрпачаҳо (кампалҳои лагандашуда барои нишаст), дар миён – дастархон андохта шудаанд.

Ҷое, ки ба болои он меҳмонро мешинонанд, аҳамият дорад. Аз ҳама ҷои боиззат – рӯ ба рӯи соҳиби хона. Зимнан, дар ин ҷо меҳмони нохоҳам нест – ба ҳар кас зиёфат медиҳанд. Ин қонуни дастурхон аст. Аввалан дар болои дастурхон табақ бо қанд, бодом, мавиз, донаҳои зандолу пайдо мешавад. Пас мевагию ҷурғотро дар даруни пиёлаҳои калон пешниҳод менамоянд. Пас аз он моҳизирбон. Баъдан – шӯрбои серравған аз гӯшти гӯсфанд. Чӣ тавре маълум аст, Қуръон машруботро манъ мекунад. Аммо, дар вақте, ки Оллоҳи бузург корҳои зиёдро дошта, каме назоратро заиф мегардонад, ба шумо ҳатман як пиёлаи «меҳри гиёҳ» – шароби «решаи заррин»-ро мерезанд.

Читайте также:  {:tj}В Мексике упал и загорелся пассажирский лайнер{:}{:ru}В Мексике упал и загорелся пассажирский лайнер{:}{:ua}У Мексиці впав і загорівся пасажирський лайнер{:}

Ғизои асосии тоҷикон – ин маҳсулоти ширӣ мебошад. Масъалан кефири ҷурғот ва, ҳамчунин панирҳою творог. Мисли ҳар ҷониби Осиё, дар ин ҷо биринҷ – озуқаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Таоми идонаи тоҷикони водӣ ош мебошад, дар тоҷикони кӯҳистон, бошад – шӯрбо. Гӯшти гӯсфанду гову бузро истеъмол мекунанд, аз гӯшти парандаҳо бошад мурғ, кабк ва мурғи марҷонро истифода мебаранд. Таоми лазизи махсус – кабоб ё ин ки сихкабоб аз ҷайра ба ҳисоб меравад.

Чои кабудро, махсусан дар давраи тобистон, авлотар мешуморанд. Он ҷиҳати ҳазмшавии таомҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ҳаёт дар Косабӯлак, чун бозии нарды, бешитобаст, пояхои он бетағӣиранд, ҳатто кӯҳҳои гирди деҳа чунин мавзунро вайрон карда наметавонанд.