Тоҷикистон

Тоҷикистон дар болои кӯҳистон ҷойгир шудааст ва сайёҳон ба кишвари мазкур аҳёнан ташриф меоваранд. Вале, касоне, ки шаҳру деҳаҳои Тоҷикистонро зиёрат мекунанд, аз мустақилӣ ва беназирии урфу одатҳои мардуми ин кишвар ба тааҷҷуб мемонанд.

Тоҷикон – бисёр миллати қадим мебошанд. Олимон ва бостоншиносон таъкид мекунанд, ки дар маҳалли ҷойгиршавии Тоҷикистон қарияҳои аввалин дар давраи палеолити ибтидоӣ – тахминан понздаҳ-бист ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадаанд. Анъанаҳою маросими тоҷикон муддати садсолаҳои бисёр ташаккул ёфта буданд ва, аз ҳама муҳим, муддати асрҳо ба ин миллат муяссар гардид, ки мероси аҷдодони хешро дар шакли воқеъан тағийрнашуда нигоҳ дорад. Анъанаҳою маросимҳое дар қадима ташаккулёфта барои ин миллат на танҳо ниёзи ҳаётӣ мебошанд – онҳо ба шуури тоҷикон ворид гардида, менталитети онҳоро ба шакл дароварданд.

Урфу одатҳои тӯйҳои арӯсӣ

Маросими тӯйи арӯсии тоҷиконе, ки дар даштҳо зиндагиро ба сар мебаранд, аз ҷиҳати иҷроишу хосияташ то дараҷае беназир мебошад. Он аз урфу одатҳои халқхои Осиёи Миёна фарқият дорад.
Шумораи зиёди гурӯҳҳои этникии Осиёи Маркази туйи арӯсиро аз маросими никоҳ ва дигар чорабиниҳое аз ҳарду ҷониб омодагардида оғоз менамоянд.

Тӯйи тоҷикон бошад тамоман дигар хосиятро дорад. Он ҳафт рӯз давом медиҳад! Аввалан, яъне дар рӯзи якӯм, ҳарду тарафайн дар бораи ақди никоҳи дарпешистода эълон менамоянд. Зиёфатҳои нисфирӯзӣ алоҳида дар ҳар як оила ташкил карда мешаванд. Ин тантанаҳо се рӯз идома меёбанд. Баъдан, дар рӯзи панҷӯм, домод якҷоя бо рафиқонаш ва хешони наздиктарин ба хонаи арӯс ташриф меоварад. Дар он ҷо домоду арӯс дар ҳузури имом қасам мехӯранд. Пас маросиме баргузор мегардад, ки зимни он арӯсу домоди нав нимкосаи обро менӯшанд, каме гӯшт ва, ҳамчунин як бурдаи нони намакдорро мехӯранд, ки танҳо баъди чунин амал онҳо якҷоя буданро ҳақ доранд. Пас аз ин иди бузург шурӯъ мегардад. Ҳама рақс мекунаду суруд мехонанд ва тантана то ба нисфи шаб идома меёбад. Хешовандони арӯс ба хонаи домоди ояндааш дар рӯзи шашӯм ба меҳмонӣ меоянд. Дар он ҷо онҳо шаб мемонанд, ки ин кирдор анҷоми маросимро гувоҳӣ медиҳад.

Идҳо

Идҳои асосии тоҷикон бо тақвими мусулмонӣ вобастагӣ доранд. Наврӯз, тибқи тақвими мусулмонӣ – Соли Нав ба ҳисоб меравад. Ин ид дар рӯзҳои эътидолии баҳоронаи шабу рӯз баргузор мегардад ва чун рамзи оғози ҳаёти нав дониста мешавад. Дар вақти ид тантанаҳое баргузор мегарданд, ки зимни онҳо бо таомҳои бисёри миллӣ зиёфат дода мешавад.
Яке аз идҳо – Қурбон-ҳайит мебошад. Дар ин рӯзҳои ид ба ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд ва бо шириниҳо зиёфат медиҳанд. Як оиларо дар як рӯз метавонанд 60-90 нафар ташриф оваранд, бе ҳисоби шумораи зиёди кӯдаконе, ки бо хоҳиши шириниҳо таг-таги пой медаванд.

Чойхона

Маросими чойхурии тоҷикон дар хонаҳои махсуси маҳаллие, ки чун «ҷойхонаҳо», яъне «хонаи чой» номида мешаванд, баргузор мегардад. Барои чойхурӣ мардони ҳарсиннусол ҷамъ мешаванд. Дар ин ҷо онҳо хабарҳои навро мешунаванд, масъалаҳои муҳимро муҳокима мекунанд ва муддати ҳамаи ин чанд пиёлаи чой нӯшида мешавад. Агар мард ба чойхурӣ хотима бахшида бошад, ӯ пиёларо чаппагардон мемонад. Ин амал он маъное дорад, ки мард дигар чой наменӯшад. Пиёла дар болои миз дар чунин ҳолат мемонад, вале меҳмон, бошад, сӯҳбатро давом медиҳад.